Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидорбинӣ ва табрики иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ

146

Дар арафаи таҷлили 74-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро раиси Шӯрои собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода С.Қ., сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., раиси Шӯрои собиқадорони Академияи ВКД полковники мустаъфӣ Ғуломов М.Ғ., сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳамдамзода В.Х., ба аёдат ва табрикоти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Голиков Николай Петрович ба манзили истиқоматии ӯ рафта, аз аҳволи иҷтимоии вай хабардор шуда, пайғому табрикоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Шӯрои собиқадоронро расониданд. 

Голиков Николай Петрович бо чеҳраи болида ва руҳияи баланд дар арафаи Иди Ғалаба табрикотро пазируфта, аз роҳбарияти ВКД барои ғамхорӣ ва парастории доимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоиштаю хуррамона бурда, аз ғамхориҳою парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хаққи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бархӯрдорем.

147

Голиков Николай Петрович бо табъи болида сӯҳбат намуда, ҳамаи кормандони Вазорати корҳои дохилиро бо Иди Ғалаба самимона табрику таҳният намуд.
Бояд тазаккур дод, ки собикадорони ҷангу меҳнат таҳти сарпарастии доимии Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ин фидокорони роҳи озодию саодат, дилсӯзӣ ва ғамхориҳои хоса зоҳир менамояд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика