Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши зан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

126

Рӯзи 6-уми март дар Академияи ВКД бо мақсади гиромидошти Рӯзи модар дар мавзӯи "Нақши зан дар ҷомеа ва мақомоти қудратӣ" мизи мудаввар доир гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор гашт, намояндагон аз вазорату кумитаҳои гуногуни кишвар, шарикони хориҷӣ ва корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Меҳмонони чорабинии мазкурро курсантдухтарони ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо машқи силоҳ зери навои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Дар оғози мизи мудаввар муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни мизи мудавварро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз ва дар кору фаъолияти пурмашаққат, вале пурифтихорашон муваффақиятҳо таманно намуд.
Сипас, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Хидеки Танабе аз ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон сухан ронда, таҳкими равобити дуҷонибаи дӯстиро ба манфиати ҳарду ҷониб маънидод намуд. Мавсуф дар идома афзуд, ки манзалати зани тоҷик дар пуртоқатӣ, меҳнатдӯстӣ ва вафодорӣ инъикос ёфта, занон дар тарбияи фарзандон ва пешбурди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот нақши бориз доранд.
Аввалин генералзани тоҷик, собиқадори Вазорати адлия генерал-майор Саодат Амиршоева лаҳзае аз гузаштаи таърихиро ёдоварӣ намуд, ки занон барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ, баробарии гендерӣ ва озодӣ талош намуда, номи хешро дар саҳфаи таърих гузоштаанд ва кӯшишу талошҳои онҳоро мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем.

127

Занон сазовори иди бениҳоят бузургу зебои баҳорӣ ва эҳтирому қадршиносии хос мебошанд. 8 март дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии занон ва дар Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад ва рӯзи истироҳатии ғайрикорӣ эълон гардидааст.
Ба андешаи мавсуф, имрӯзҳо дар 8 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, сари китф ситора дар баробари мардон дар як саф қарор доранд.
Прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Гулчеҳра Усмонзода аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар яке аз мақомотҳои қудратии мамлакат - ВКД шумораи занони масъулиятшиносу кордон рӯз то рӯз бештар гашта, онҳо пайи хизмат ба халқу ватан равона гардида, ба насли ояндаи милитсия дарс меомӯзонанд. Курсантдухтарон бошанд, чун идомадиҳандагони кори милитсия ба таълими салоҳиятнок фаро гирифта шудаанд, то ки оянда сафҳои сохторҳои қудратиро пурра намоянд.
Мутахассиси пешбари Раёсати қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии Сарраёсати Вазорати адлия Малоҳат Сайфиддинова зимни баромади хеш таъкид кард, ки занон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва манбаи эҷод буда, зеби зиндагонианд. Мақоми хоссаи занон ва риояи эҳтироми онҳо дар ҷомеа гувоҳи равшани қадршиносии ин олиҳаи офариниш ба ҳисоб меравад.
- Дар қатори самтҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор гирифтани мақоми занон, ба таҳкими ҷойгоҳи онҳо дар ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ боис гардид, - афзуд маърӯзакунанда.

128

Мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат Шаҳло Абдураҳимова дар мавзӯи "Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ ва мавқеи зан дар ҷомеа" маърӯза намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ба миллати сарбаланди мо Роҳбари ғамхору дурандеш ва оқилу доноро овард, то оилаҳои гурезаро ба ватан баргардонад ва барои зиндагии шоиста ба сокинон тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро иқдом намояд, ки ин ҳама боиси дастгирии занон ва оилаҳои ҷавон гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро сарҷамъ намоянд ва дар ин кори хайр, занону модарони тоҷик якдилона ба як қарор омада, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуданд ва ин ҳама боис гардид, ки халқи тоҷик ба Ваҳдати миллӣ шарафёб бигардад.
Агар мақомоти қудартӣ сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуда, ба зидди кирдорҳои номатлуб мубориза баранд, Вазорати корҳои хориҷӣ бошад, пешбурди ҳифзи манфиатҳои миллиро дар хориҷи кишвар ба уҳда дорад ва дар ин кор саҳми бонувони қавииродаву дипломати он назаррас аст.
- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонуну қарорҳо, фармону стратегия ва барномаҳо барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа қабул гардидааст, - қайд намуд баромадкунанда.
Дар мизи мудаввар, ҳамчунин намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ подполковник Ҳусния Ҳафизова, афсари ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Вазорати мудофиа подполковник Гулнора Салимзода, нозири калони шуъбаи раводид бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Абдуллозода Озода Абдухалил суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оила Сафаргул Бухориева дар мавзӯи "Занон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо дар ҷомеа", сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Юсуфзода Файзигул Сайвалӣ дар мавзӯи "Нақши зан дар татбиқи қонуни миллӣ", сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ майор Юсуфӣ Умеда Нурмуҳаммад дар мавзӯи "Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир", сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД полковники милитсия Азиза Давлатшоева дар мавзӯи "Нақши зан дар ҷомеа ва мақомоти қудратӣ" баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Инчунин, мушовир оид ба масъалаҳои ВАО ва масъалаҳои гендерии намояндагии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Илгар Иброҳимли дар мавзӯи "Саҳми САҲА дар таъмини баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила" суханронӣ намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ либосҳои миллии атлас, чакан ва бадахшӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати суханварии занону бонувон ба намоиш гузошта шуд, ки мақбули меҳмонон гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика