Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Панҷ

145

Рӯзи 6-уми марти соли 2019 маросими кушодашавии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи мазкур баргузор гардид.

146147

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ полковники милитсия Шамсулло Маҳмудзода, намояндаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Доддли, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом дар хусуси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷиҳати амалисозии “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” мақомоти корҳои дохилӣ ба натиҷаҳои мусбӣ ноил гардидааст.

148149150

Имрӯзҳо бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кишварҳои донор ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад. Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таҷҳизоти муосир, таъсиси Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ворид намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ аз зумраи он иқдомоти ҷадиде мебошанд, ки ба рушди ислоҳот мусоидат менамояд.
Мавсуф ҳамчунин доир ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Панҷ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки фаъолияти Шӯрои мазкур дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия равона гардида, баҳри тақвият додани механизми ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки маҳаки асосии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад, мусоидат менамояд.
Инчунин қайд карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон буда, барои равнақ додани робита бо онҳо тарзу усулҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ҷомеаро роҳандозӣ менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо нозирони минтақавии ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вохӯрӣ намуда, оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ сӯҳбати озоду самимӣ доир намуд.

151

Зимни вохӯрӣ зикр карда шуд, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика