Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаҳои футболи хурд байни вазорату идораҳо

39

Ҳамасола, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, сулҳу амният, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа чорабиниҳои мухталифи варзишӣ-фарҳангӣ доир карда мешаванд, ки ба онҳо на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», балки намояндагони корхонаю идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти синну сол ва ҷинсият ҷалб карда мешаванд.

Соли ҷорӣ низ, бахшида «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 мусобиқаҳои кушоди (спартакиадаи) Вазорати корҳои дохилӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини Самбо, шашка, шоҳмот ва шиноварӣ миёни кормандон, корманд-занон, наврасон ва собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш – солимӣ ва зидди нашъамандӣ» оғоз гардида, айни замон идома доранд. Барои тамошои мусобиқаҳо мухлисони зиёд, алалхусус ҷавонону наврасоне, ки ба намуди варзиши алоҳида таваҷҷӯҳи хос доранд, омада ба даста ва ё варзишгари маҳбуби худ ҳаводорӣ менамуданд.

4041

Дар доираи чорабинии варзишии мазкур, мусобиқаҳои футболи хурд байни ҷавонон ва собиқадорон, ки аз санаи 25-уми январ оғоз ёфта буд, бо ҳолатҳои ҷолибу хотиромон ҷамъбаст гардиданд. Мусобиқаҳои мазкур, аз сабаби он ки дар онҳо имсол нисбат ба соли гузашта дастаҳои бештар аз вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю муассисаҳои дигари давлатию ғайридавлатии кишвар ҷиҳати иштирок дархост дода буданд, дар толорҳои Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД ва Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Дар мусобиқаи миёни кормандони ҷавон 43 даста дар 8 гурӯҳ ва байни собиқадорони 13 даста дар 2 гурӯҳ ҷудо гардида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои футболбозоне, ки омодагии беҳтар дида, бозиҳои хуб нишон доданд, ба даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ баромада, барои ғолиб омадан ҷаҳду талош намуданд.

Ҳамин тариқ, даври ниҳоии мусобиқаҳои зикргардида рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар толори Маҷмааи варзишӣ доир гардида, аз натиҷаҳои рақобатҳо ғолибони мусобиқа муайян гардиданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи ҷавонон дастаи футболбозони «Вавилон» барои ишғоли мақоми аввал бо дастаи «Рахш-Такси» ба майдон баромада, бо ҳисоби калон 7:2 ғолиб омад. Ин ғолибияти ҳалкунанда имкон дод, дастаи «Вавилон» ҷойи аввал, «Рахш-Такси» ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ки қаблан дастаи «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»-ро бо ҳисоби 6:5 мағлуб сохта буд (ҳисоби асосӣ 3:3, зарбазании иловагӣ 3:2), ба даст оранд.

30

Дар ин мусобиқаи ҷавонон аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ҷоизадорони онро ҳакамону мухлисони варзиш муайян намуданд. Инҳо: дарвозабони беҳтарин Фирӯз Бозоров аз дастаи «Вавилон», муҳофизатгари беҳтарин Фаррух Хоҷаев («Спитамен»-и ВКД), ҳамлагари беҳтарин Абдурашид Абдуалимов («Рахш-Такси»), бозингари беҳтарин Шаҳобиддинзода Н. («АНДМ ва МК»), нишонзани беҳтарин Хуршед Маҳмудов («Вавилон») ва довари беҳтарин Хайём Пиров аз ноҳияи Шаҳринав дониста шуданд.

Бозиҳои даври ниҳоии мусобиқаи собиқадорон низ хеле ҷолибу шавқовар баргузор гардиданд. Футболбозони дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар бозӣ бо дастаи «Зуҳур», ки хеле фаъол буданд, тавонистанд аз аввал бартариятро аз даст надиҳанд. Дар натиҷа, дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и ВКД бо ҳисоби 7:5 ғолиб омада, мақоми аввал ва дастаи «Зуҳур» бошад, зинаи дуюми мусобиқаро соҳиб гаштанд. Барои мақоми сеюми ин бозиҳо дастаҳои «Вавилон» ва «ЛиквиМоли» бо ҳам мубориза бурда, бо ҳисоби 8:2 дастаи «Вавилон» ғолибиятро ба даст овард.

Дар мусобиқаи собиқадорон низ ҷоизадорони он муайян карда шуданд. Дарвозабони беҳтарин Ҷамшед Мусоев аз дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ, муҳофизатгари беҳтарин Файзуллоев Ф. («Вавилон»), ҳамлагари беҳтарин Оев Ҷамолиддин («Зуҳур»), бозингари беҳтарин Исроил Идиев («Зуҳур»), нишонзани беҳтарин Шуҷоат Неъматов («Дастгоҳи марказӣ»-и ВКД) ва довари беҳтарин Олим Норбоев аз шаҳри Душанбе эълон гардиданд.

Ба дастаҳои ғолиби мусобиқаи ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон барои ҷойҳои аввал маблағи 12000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 8000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5000 сомонӣ, инчунин, Ҷом, диплом, медалу ифтихорономаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукотӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ва намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи олимпӣ, Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва дигарон дар фазои тантанавӣ супориданд.

32

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов баромад намуда, нахуст аз номи худ ва аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми иштирокчиёни мусобиқа ва меҳмононро бо фарорасии фасли баҳори хуҷастапай, таҷлили «Рӯзи модар» ва арафаи «Иди Байналмилалии Наврӯз» табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо, тансиҳатию хушбахтию хонаободӣ таманно дошт. Мавсуф зимни суханронии хеш аз ҷумла қайд намуд, ки «Чуноне, ки мо интизор будем, он дастаҳое ба даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ баромада тавонистанд, ки нисбатан омодагии ҷиддӣ дошта, бо бозиҳои ба худ хос дили мухлисонро бештар тасхир намуданд, яъне дастаҳои пурқувваттарин мақоми сазовори худро соҳиб гашта тавонистанд. Бояд қайд намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати дурандешонаи сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон, пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини сулҳ ва тинҷию оромӣ дар кишвари азизамон пайваста чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-варзишӣ доир менамояд, ки дар сатҳи баланд ва хотирмон доир гардидани онҳо маҳз аз азму ирода ва майли иштироки фаъолона доштани варзишгарон ва дастаҳои варзишии мақомот, корхонаю идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад. Имрӯз бори дигар мо шоҳиди он гаштем, ки намояндагони мақомот, корхонаю идораҳои гуногуни кишвар метавонанд ширкат фаъол намуда, бозиҳои ҷолибу диданӣ нишон диҳанд. Умедворем, минбаъд низ чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд доир карда шуда, ҳамчун анъанаи хуб идома хоҳад ёфт».

31

Чорабинии варзиширо барномаи консертии ҳунармандони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Хисрав Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика