Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Норак

78

Рӯзи 14 апрели соли 2019 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Норак сафар намуда, аз корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Норак боздид ба амал овард. 

80818283

Бинои ШВКД дар шаҳри Норак пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, саҳни бино бо тахтасангҳои мунаққаш ва фаввора оро дода шудааст. Ҳамчунин ба кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, гирду атрофи бинои Шуъбаи мазкур ободу зебо гардонида шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, дар саҳни бино бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуд.

79

Зимни вохӯрӣ ва сӯҳбати озоду самимӣ ба ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мардум як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика