Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти ВКД бо ҷавонони фаъоли шаҳри Леваканд

162

Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ муҳим арзёби гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки тайи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас аст. 

Рӯзи гузашта дар Қасри фарҳанги шаҳри Леваканд вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъол доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории чунин як ҷамъомад, ин пешгирии қонуншиканӣ дар байни наврасону ҷавонон, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъоли муҳассилин дар дарсҳо мебошад.

Зимни суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки яке аз масоили асосӣ ва доғи рӯз, ин пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани сатҳи таълиму тарбия ва назорати доимии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна мебошад. Дар баробари таълиму донишомӯзӣ, ҳамчунин масъулияти падару модар нисбати тарбияи фарзанд низ бояд аз мадди назар дур набошад. Зеро тарбияи дуруст аз оила сарашма гирифта, он идомадиҳандаи рӯзгори осоишта мебошад.
Фаромӯш набояд сохт, ки дар даврони сулҳу субот ва ба даст овардани истиқлолияти кишвар, баҳри пешрафт ва тараққиёти тамоми соҳаҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати илмомӯзӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ баҳри насли ояндасози миллат, ҳамаҷониба ғамхорӣ намуда, пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

164165166

Вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор иштирокчиёни ҷамъомад аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакпулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар кӯчаи Нурулло Абдуллоеви шаҳри Леваканд бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Ҳукумати шаҳри мазкур, як майдончаи варзишӣ барои чавонони ин шаҳр ифтитоҳ гардид. Чунин шароити мусоид ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ҳар чӣ бештар бо машқу тамрин машғул шуда, тарзи ҳаёти солимро пеш баранд. Мавриди зикр аст, ки дар шафати майдончаи варзишӣ утоқи кории нозирони минтақавӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

167168169

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро нозирони минтақавиро барои бо чунин як бинои наву замонавӣ соҳиб шуданашон табрику муборабод намуда, қайд кард, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумату давлат мебояд содиқонаву софдилона барои халқу Ватани азиз хизмат намуд.
Абдулмуъмини Зайниддин


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni