Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёдкорӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат

89

Дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба назар мерасанд, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ садҳо бинову иншоот ва толору ҳуҷраҳои кории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сохта ба истифода дода шуда, қисми зиёди дигар азнавсозӣ ва аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, бо таҷҳизот ва шароитҳои хуби корӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин замина рӯзи 25-уми апрели соли 2019 дар Вазорати корҳои дохилӣ ошхонаи наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Бинои нави ошхонаи ВКД дар шафати бинои асосӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, барои 200 нафар кормандони милитсия дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

90919293

Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро ба муносибати ифтитоҳи ошхонаи хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо шароитҳои хуби хизматрасонӣ табрик намуда, қайд кард, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо самараи истиқлолияти кишвари азизамон буда, маҳз дар заминаи ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.
Зикр гардид, ки ҳар як корманд дар баробари ин ҳама ғамхориву дастгирӣ бояд аз худ маҳорати баланди касбӣ ва садоқату масъулияти ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон нишон диҳад.
Илова бар ин дар Вазорати корҳои дохилӣ барои корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ як кошонаи ҳусн муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

9495

Ҳайати шахсӣ, аз ҷумла, занон ки имрӯз дар баробари мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ содиқона хизмат менамоянд, аз чунин иқдоми созандаи роҳбарияти ВКД хушнуд гардида, иброз доштанд, ки минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ мемонанд.
Абдуллозода Эҳсон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика