Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз рафти кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони ВКД

96

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани хоҷагиҳои ёрирасон дар назди сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои қудратӣ тавонист дар самти таъмини маводҳои озуқаворӣ мусоидат намояд. Дар ин раванд дар мақомоти корҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда, ба рушду нумӯъ ёфтани маҳсулотҳои кишоварзӣ тақвият бахшид.
Имрӯз (02.05.с.2019), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд, боздид ба амал овард.
Аз заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати қушунҳои дохилӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати кишту кор, парвариш ва рӯёнидани ҳосили хуб як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

9798

Мавриди қайд аст, ки ин хоҷагиҳои ёрирасон ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Раёсати тиббӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамоянд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика