Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум дар ВКД

294

Имрӯз (04.05.с.2019), бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ барои ғанӣ гардонидани дастурхони кормандону шаҳрвандон, ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум баргузор гардид.
Дар ярмарка хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ, маҳсулоти тару тозаи ҷамъоваригардидаро аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, ҳар навъи кабудӣ, карам, инчунин гушт, орду равған ва дигар маҳсулотҳоро пешкаши харидорон намуданд.
Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ниёзмандону кормандон картошка, пиёз, сабзӣ ройгон тақсим карда шуд ва дигар маҳсулотҳо аз 40 то 50 фоиз арзон аз нархи бозор аз ҷумла, як килограм гушт 20 сомонӣ, 2 кило равған 15 сомонӣ, як қуттӣ тухм 15 сомонӣ, як халта орд 120 сомонӣ пешкаши харидорон карда шуд.

295296297

Бояд қайд кард, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳо бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои кормандону шаҳрвандон чунин ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум ташкил ва гузаронида мешавад.
Р.Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика