Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили мубрам дар вохӯрӣ бо Сафири Фаронса

218

Рӯзи 12-уми апрели соли 2019 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса аз 3 марти соли 1992 ба роҳ монда шудаанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2002 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Фаронса баргузор гардида, зимни ин сафар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир заминаи мусоид гузошт.

219

Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика