Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми марҳилаи якуми «Нелегал-2019» дар вилояти Хатлон

78

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2019»-ро аз 9-уми апрел то 12-уми апрели соли 2019 ба анҷом расонид.
Чорабиниҳо бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.
Дар давоми рӯзҳои 9-12-уми апрели соли равон дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2019” 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.

7985

Бояд қайд кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиётҳои муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал - 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика