Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваққуфи нодуруст: Эҳтимолияти ба вуҷуд омадани садама ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад. 

Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатору дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, ки чунин истгоҳҳо маҳз барои нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ хизматрасонӣ мекунанд, таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
Дар натиҷаи баргузории якқатор рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюму сеюм ва истгоҳҳои ҷамъиятӣ дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд, ба амал омадааст.
Мавриди зикр аст, ки дар баъзе маврид нодуруст таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт ва дар чунин ҳолат ҳамлу нақли мусофирон боиси ба вуҷуд омадани садамаҳои нохӯши нақлиётӣ мегардад.
Сипас нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ доданд, парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.
Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

502

Сандалов Фарҳод Раҳмонович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота - Каролла», рақами қайди давлатияш 0085 SS 01;

503

Зиёбеков Рауф Музаффарович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақамаи қайди давлатияш 9595 АА 04;

504

Ёдгоров Шералӣ Аҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 2729 ТТ 05

505

Ҳамидов Шукрулло Рустамович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 4444 ВО 03

506

Камолзода Қадриддин - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 4169 ВМ 01

507

Суфиев Сайднуриддин Мирзомуддинович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», рақами қайди давлатияш 6194 ТТ05

508

Ҳакимов Наимҷон Мадаминович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1744 ТТ 05

509

Наимов Исмоналӣ Ҳайдаралиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 8628 DО 01

510

Салимзода Шокирҷони Назаралӣ - ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 6020 ТТ05

511

Маҳмадназаров Исломиддин Ҳақназарович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 8986 ЕМ 01

512

Довудов Ҷамшед Камолович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 3835 РР 01

513

Тошов Баҳодур - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатияш 2472 НН 01

514

Холов Аҳлиддин Саидмуддинович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Саманд», рақами қайди давлатияш 7940 ТТ 05

515

Остонаев Мансур Сунатович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 5073 ТТ 05

516

Асроров Асрор Мустафоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш В4566р 07

517

Алибобои Абдулло - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 3073 ЕМ 01

Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон ва истгоҳҳо ва ҷойҳои номуқаррагардидаи манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика