Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир!

312

Рӯзи 14-уми май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, сардори ХПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Баширхон Иброҳимзода, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати шаҳри Душанбе бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Нахуст, сардори ХПҲНҶ ВКД А.Фаттозода оид ба вазъи мактабу маориф, ки ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд, изҳори андеша намуда, зикр кард, ки «вазифаи ҳар як хонанда аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ин сарзамин гузорад. Бояд ҷавонону наврасон пайваста пайи омӯзиши илму маърифат буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, номбардори падару модар гарданд.
Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи суханрониаш илова кард, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат баҳри солимгардонии ҷомеа як қатор иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки баҳри пешгирии ҷинояткорию оворагардии насли ҷавон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми шароитҳои замони муосир муҳаё гардидаанд.
А.Фаттозода зимни баромад, ҳамзамон дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки минбаъд низ баҳри тарбияи фарзандон тамоми чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.

313314

Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин масъулину намояндагони дигар идораҳои дахлдор низ баромадҳо карданд. Аз ҷумла, сардори ХПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе Б.Иброҳимзода доир ба таълиму тарбияи насли наврас андешаҳояшро баён намуд.
Сипас, мавсуф оид ба одобу ахлоқи наврасон изҳори андеша намуда, аз пешгирии муноқишаҳои байнимактаббачагон ёдовар шуд, ки ин масъала кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдорро ба ташвиш андохтааст. «Аз ин рӯ, аз тамоми волидон хоҳиш карда мешавад, ки баҳри пешгирии ин гуна қонуншиканиҳо худро бетараф нагузошта, тамоми чораҳоро барои тарбияи фарзандон андешанд ва нисбати тақдири ҷигарбандонашон бетарафӣ зоҳир накунанд», - гуфт ӯ.
Дар идомаи ҷамъомади мазкур, ҳамчунин дар бораи шароитҳои муҳаёсохтаи давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ табодули афкор сурат гирифта, зикр карда шуд, ки ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат пайи омӯзиши илму дониш бошанд ва дар ин замина, барои аз худ намудани тарзи истифодаи техникаву технологияҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро нафаре ки пайи омӯзиш мешавад, дар зиндагӣ ба муваффақиятҳо ноил мегардад.

Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика