Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи қочоқ ворид намудани чӯбу тахта ошкор гардид

150Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти прокуратура ва гумруки шаҳри Исфара марди 47-солаи сокини шаҳри Конибодомро бо гумони қочоқ дастгир намуданд. 

Номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон «Алмазбек» ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, 91 метри куби чӯбу тахтаро бо арзиши 182 000 сомонӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳудуди шаҳри Исфара ворид намуда, ба 6-адад автомашинаҳои боркашонии кирокардааш бор карда, шаби 14 ба 15-уми майи соли 2019, тахминан соати 03:00, бо мақсади ба фурӯш баровардан, бо роҳҳои пинҳонӣ ба ҳудуди шаҳри Конибодом интиқол додааст.
Бо ин кирдораш номбурда ба буҷети давлат ба маблағи 30 ҳазору 145 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика