Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ

318

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ сӯҳбату вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда мешавад.
Бо ин мақсад рӯзи гузашта (15.05.2019) дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» мусобиқаҳои варзишӣ дар намудхои гуногун, аз ҷумла оид ба футболи хурд, волейбол, тениси рӯи миз, шашкаву шоҳмот ва варзиши сабук таҳти шиори «Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ» байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ-касбӣ оғоз гардид.

319320

Дар маросими оғози мусобикаҳои варзишӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Фатҳиддин, намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ ва дигар намояндагони ВКД иштирок доштанд.
Ба чорабинии ифтитоҳӣ роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич кушодашавии мусобиқаҳои варзиширо эълон намуд. Мавсуф аз номи Вазири корҳои дохилӣ иштирокчиёни мусобиқаро табрик гуфта, зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобикахо пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби ҳаёти солим миёни ҷавонон ва наврасон мебошад. Дар анҷоми суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба иштирокчиён барори комёбӣ таманно намуда, афзуд,ки варзиш дустию рафокатро миёни ҷавонон афзун менамояд.

321

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони дигар вазорату идораҳо суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа муваффакиятҳо орзу намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобикаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ-касбӣ 5 рӯз давом ёфта, ғолибонро туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.
Эҳсон Абдуллозода
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика