Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

334


Бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, пайваста вохӯриҳои судманди кормандони милитсия бо донишҷӯён доир карда мешавад.
Дар ин радиф рӯзи 15-уми майи соли 2019 вохӯрии муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомуддин ва сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо бо донишҷӯён ва устодони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

336

Дар вохӯрӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус муноқишаҳои авбошии гурӯҳӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон суханронӣ намуданд.
Муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомуддин зикр намуд, ки барои пешгирии гароиши насли ҷавон ба ин гурӯҳҳо дар ҳамаи самтҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ва бояд дар як низоми мавҷудаи таҳсилот дарки ин масъалаҳои муҳим ба руҳияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон таъсирбахш бошад, то онҳо роҳи дурусти ҳаётро интихоб карда тавонанд.
Сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва риояи ҳатмии он маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда, инчунин оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб изҳори назар кард.

335337

Зикр гардид, ки шароити хуби донишандӯзӣ барои насли ҷавон, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардидааст, ҷавононро вазифадор месозад, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш раванд.
Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оиди мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори ақида намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика