Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи августи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 590 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2018 ҳангоми дар назди Суди шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо маслиҳати пешакӣ бо марди 44-солаи дар боло зикргардида, бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт даромада, аз ӯ 17 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки писарашро аз маҳкама озод мекунанд, аммо ӯро фиреб намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи дар боло номбаргардида моҳи декабри соли 2018 ҳангоми дар назди Суди шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии зани 48-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 8600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки писарашро аз маҳкама озод мекунад, аммо ӯро фиреб намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика