Муфтии Тотористон Комил Самигуллин изҳор намуд, ки паёмбар Муҳаммад (с.а.с.) пайдошавии давлати худхондаи мусулмонӣ ва шикасти онро бо сабабҳои низоъҳои дохилӣ қаблан пешгӯӣ карда буд, хабар медиҳад "Интерфакс-Религия".
Зимни суханронӣ, рӯзи сешанбе дар шаҳри Женева дар конференсияи бахшида ба мавзӯи «Эҳтироми дуҷониба ва ҳамзистии осоишта ҳамчун шарти устувории сулҳ ва суботи олами байнидинӣ: ҳифзи масеҳиён ва намояндагони динҳои дигар», ки дар доираи баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ сурат гирифт, муфтӣ ҳадиси қадимро иқтибос овард (ривоятҳо аз суханон ва амалҳои паёмбар Муҳаммад), ки ба «боэътимодтаринҳо» дохил мешаванд.
Дар он паёмбар пешгӯӣ карда буд, ки гурӯҳи одамони «аз ҷиҳати синну сол ҷавон ва аз рӯи ақл нодон» пайдо мешаванд, ки Қуръонро мехонанд, «вале хониши онҳо аз гулӯяшон дур намеравад».
"Онҳо аз дини мо, ба монанди тири камон берун мепаранд, яъне онҳо ба дини мо иртиботе пайдо намекунанд", - шарҳ дод маънои ҳадисро муфтӣ.
Дар дигар ҳадис, идома медиҳад ӯ, гуфта мешавад, ки вақте меояд, ки одамон зери парчамҳои сиёҳ барои таъсис додани давлат иддао мекунанд. "Кӣ то ин вақт иддао дошт, ман намегӯям ба давлати исломӣ, балки ба давлати худхондаи исломӣ?" – суол намуд Самигуллин, ба ташкилоти террористии Давлати исломӣ ишора намуда.
"Онҳо ба ваъдаи худ вафо намекунанд, мӯйи сари дароз мемонанд, мисли занҳо, ки ҳеҷ гоҳ ин дар расму оини мусулмонӣ набуд", - зимни тафсили ҳадисҳо қайд намуд дар идома муфтӣ.
"Аммо вақте меояд, ки онҳо бар зидди якдигар баромада, нест мешаванд", - иброз дошт ӯ, бо ишора ба Қуръон ва изҳори умед намуд, ки ин давра ба зудӣ фаро хоҳад расид.
Муаллиф: Интерфакс
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>