Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гиромидошти фаъолияти собиқадорони милитсия дар Суғд

IMG 8191

Рӯзи 13-уми май дар толори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ, ки дар он ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд солгарди таърихӣ - 30 солагии таъсисёбии Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро таҷлил намуданд.
Ҷамъомади идонаро бо сухани табрикотӣ муовини якуми сардори Раёсат генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ифтитоҳ намуда, вобаста ба хизматҳои хастанопазир, ҷонфидоӣ, мактаби мардонагӣ, саҳми собиқадорон дар касбияти соҳа ва ташаккули нуфузи мақомоти милитсия суханронӣ намуда аз номи роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсӣ собиқадоронро табрику таҳният гуфта, дар тадбиқи сиёсати созандаи давлату ҳукумат ба ҳар кадоми онҳо барору комёбӣ таманно намуд. Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат давоми фаъолият дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, ҳар кадоме аз собиқадорони милитсия нерӯи ҷавонӣ ва қувваи зеҳнии худро барои таъмини амнияту субот, мубориза ва пешгирии ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳ дар ҷомеа ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ сарф намуда бо нишон додани корнамоӣ дар ин самтҳои барои низоми давлатдорӣ афзалиятнок саҳм гузоштаанд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники мустаъфии милитсия Алиҷон Ҳайдаров ва аъзойи Созмони собиқадорони ВКД полковники мустаъфии милитсия Наргис Отаҷонзода маъруза намуда, барои таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти собиқадорон арзи сипоси аъзоёни Шӯрои собиқадорони Раёсатро ба роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ расонида ба иштирокчиён оиди таърихи созмон ва нақшаҳои минбаъда барои тарбия ва роҳнамоии кормандони ҷавон маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки дар даврони Шӯравӣ чунин созмони ҷамъиятӣ дар сохтори ВКД ҷумҳурӣ фаъолият дошта бошад ҳам, аммо таъсис ва фаъолият ба шакли миллии имрӯзааш маҳз ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Бо соҳибистиклол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 тибқи меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии кишвар таъсис дода шуд. Аввалин раисии Шӯрои созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфӣ Нусратулло Абдулҳақов (1992-1994), генерал - майори милитсия Мирзо Ҷонов (1994-1997), Григорий Жидков (1997-2002), Собирҷон Ҳомидов (2002-2006), Тухтасин Абдуллоев (2006-2013), Изатулло Шарифов (2013-2017) ба уҳда дошта, генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷурахонзода аз соли 2017 то инҷониб роҳбарии созмонро ба зимма дошта фаъолият карда истодааст.IMG 8250
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамчун раиси Шӯрои собиқадорони Раёсат солҳои 1981-1995 полковникони мустаъфии милитсия Мақсуд Ҳайдаров, солҳои 1996-2002 Байзоев Мухаммадӣ, 2002-2005 Абдухолиқ Абдуназаров, 2005-2007 Восид Зокиров, 2007-2015 Тоҳир Назаров, 2015-2016 Мирзонаим Муртазоев фаолият намуда, полковники мустаъфии милитсия Алиҷон Ҳайдаров аз моҳи майи соли 2017 то ҳол ба ҳайси раиси Шӯро фаъолият карда истодааст. Шахсони номбаршуда пайдарҳам Созмони собиқадоронро раисӣ намуда, баҳри беҳбудии масъалаҳои иҷтимоии собиқадорон ва тарбияи насли ҷавони милитсия саҳми беандоза гузошта истодаанд.
Мавриди қайд аст, ки ба 1 майи соли 2022 дар қайди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 3140 нафар собиқадорон ва нафақахӯрони ВКД сарҷамъ гардида аз ғамхориҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бархурдор мебошанд. Аз теъдоди умӯмӣ 1 нафар иштирокчии ҶБВ, 4 нафар иштирокчиёни рафъи офатҳои экологии нерӯгоҳи атомӣ-барқии «Чернобил», 69 нафар ҷанговарони байналмилал, 125 нафар нафақахӯрони аз рӯи гурӯҳи маъюбӣ нафақагиранда ва 477 нафар нафақахӯрони бесаробонмонда мебошанд, ки расонидани кӯмак ба онҳо дар мадди аввал меистад.
Тавре дар рафти ҷамъомад таъкид рафт аёдату дидорбинии собиқадорони куҳансоли мақомот дар рӯзи зодрӯз ва арафаи иду ҷашнҳо аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хуб ба роҳ монда шудааст. Мунтазам ба манзили зисти нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилии ба синни 60, 70, 80 ва 90 расида ташриф оварда, соҳибҷашнҳо аз номи Сардори Раёсат ва Шӯъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аёдат карда мешаванд.
Имрӯзҳо вазифаи асосие ки собиқадорон назди худ гузоштаанд омӯзонидани малака ва таҷрибаи касбӣ ба насли ҷавон аст. Марҳила ба марҳила ташкили вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд дар шуъбаву хадамоти милитсия ба ҳамин хотир баргузор карда мешавад.
Муовини якуми сардори Раёсат Рустам Шафизода аз аъзоёни Шӯро дархост намуд, ки чунин суҳбату мулоқотҳои тарбиявиро боз ҳам вусъат бахшанд. Зеро омӯзонидани тарзу усулҳои озмӯдашудаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки эътимоднокии он тӯли солҳо исбот гардидааст дар баланд намудани малакаи касбии насли ҷавони милитсия таъсиргузор буда метавонад.
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаи собиқадорон таърихи зиндаи чанд насли мақомоти корҳои дохилӣ буда, манзараҳои сангину пурмашаққати солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, давраҳои душвори баъди ҷангӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо оқибатҳои фоҷеабораш хуб дар ёд дорад. Ва ҳамчун махзани маърифат ва такмилдиҳандаи касбият роҳнамои ҷавонон дар иҷрои ин касби пурхатар ва пурифтихор мебошад.
Таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ собиқадорони мақомотро водор менамояд, ки ба касби интихоб намуда содиқ монда паҳлу ба паҳлу бо кормандони амалии мақомот дар ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷомеа, таъмини тартибот ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика