Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон ифтихори миллат аст

Аввалин маротиба дар давлату давлатдории мо, ба шарофати Инқилоби Октябр тоҷикон соҳиби давлате бо номи Тоҷикистон, забоне бо номи тоҷикӣ гардиданд. Албатта, дар аҳди Сомониён, ки дар он давра забони миллати мо рушд кард, асарҳои ҷовидонаи ҷаҳонӣ навишта шуданд, фарҳангу маориф инкишоф ёфт.

Аммо қисмати таърих ин буд, ки манғитҳою муғулҳо қариб 1000-соли дигар тоҷиконро дар зери итоати худ гирифтанд. Забони тоҷикӣ аз давраи Зардушт то ба имрӯз давраҳои душвортарини таърихро гузаронида, вазифаи қаҳрамониашро иҷро кард - номи халқро нигоҳ дошт.

Дуруст аст, ки бар асари назарандешии баъзе роҳбарони давраҳои инқилоби Бухоро як хазинаи бузурги китоб дар Бухоро сӯзонда шуда, пурбаҳотарин китобҳо ба хокистар табдил дода шуданд, аммо бо вуҷуди ин маҳрумиятҳо, забони тоҷикӣ чун машъали сӯзону ҷовидон нурпошӣ мекарду умед бар оянда мебахшид.

Дар охирҳои асри 20-ум, дар вазъи мураккабе, ки давлати мо қарор дошт, дар натиҷаи ноӯҳдабароии бархе аз роҳбарони коммунистон ва шовинизми бузургдавлатию худманишии халқи кабири рус, дар баробари маҳдудкунии ҳуқуқи халқҳои дигар ба мероси фарҳангии онҳо, маҳдудкунии забон ҳам ба амал омад.

Як идда равшандилони тоҷик дар вазъияти душвори сиёсӣ ба ҳукумати Тоҷикистон, ба Кумитаи Марказии ҳизби яккатози коммунистӣ муроҷиат карданд, ки барои нигоҳ доштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ, бояд забони модариро нигоҳ дошт ва ин чиз бояд дар асоси қонун ба амал ояд.

Ҳизби коммунист муроҷиати зиёиёнро, ки ба майдон баромада талаботашонро ба миён гузошта буданд, ба инобат гирифта, Қонун «Дар бораи забон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки мувофиқи он мақоми забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ бардошта шудааст.

Фарқияти ин қонун аз қонунҳои давлатҳои дигар дар он буд, ки дар баробари мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, ҳуқуқҳои дигар миллатҳои сершумори Тоҷикистон поймол нашуда, бо забонҳои гуногуни миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, мактабҳои зиёде дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд. Инчунин забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ дониста шуда, мақомаш баланд аст.

Дар асоси ин қонун Барномаи мушахассе барои 10 сол таҳия гардид, ки ба шарофати он курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ аз поён ба боло ташкил шуда, китобу дастурҳои таълимӣ барои омӯхтани забони тоҷикӣ ва барои донистани хатти ниёгон пайдо шуд. Аҷоибаш он аст, ки дар муддати 23 соли фаъолияти ин қонун ба он ягон бор тағйироту иловаҳо дохил нашуданд, ҳарчанд ин қонун дар давраи шӯравӣ таҳия гардидааст.

Ҳар нафаре, ки забони давлатии тоҷикиро эҳтиром намекунад, хусусан тоҷик бошад, бадтар аз манкурт аст. Аскар Ҳаким мегӯяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикиро омӯзем. Лоиқ мегӯяд, ки касе онро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки ин забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Дар дунё солҳои 90-ум, қариб 10 ҳазор забон вуҷуд дошт, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3-3,5 ҳазор забон фаромадааст. Имрӯз соҳиби забони тоҷик бояд хурду калон, ҳар фарди ҷумҳурӣ бошад.

Ҳар шахс бояд ба ин кор масъул бошад, забонро ғанӣ гардонад. Ҳар касе, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, худро эҳтиром намекунад, вай инсони комил нест. Чун мо дар остонаи таҷлили рӯзи Иди Забон истодаем, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо ин иди пуршукуҳи сухан табрик мекунем ва орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем.

Гулова М., майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика