Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лутфи ҳунар: Бо фитрату бо санъату бо ақли мунаввар!

394

- Лутфулло Давлатзода солҳои зиёдест, ки дар саҳнаи театру кинои тоҷик бо нақшҳои ҷолиби офаридааш дар дилу дидаи мухлисону ҳаводоронаш ҷой гирифта, бо ин восита, дар ҷаҳонбинӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва баланд бардоштани завқи эстетикии ҷавонон нақши босазо гузошта, хизматҳояш шоистаи таҳсин мебошад.

395

Ҳамзамон, ин марди ҳунар барои ободии Ватан ва хизмат ба халқи азиз саҳмгузорӣ намудааст. Аз ин рӯ, барои саҳми арзанда гузоштан дар ободониву бунёдкорӣ ва ҳамкориҳои судманд бо милитсия аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода медали «Барои ҳамкорӣ» тақдим карда мешавад, - баён намуд муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом зимни тақдими медал дар чорабинии тантанавӣ.
Лозим ба ёдоварист, ки бегоҳии рӯзи 31-уми январи соли равон роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии ВКД ва кормандони шуъбаҳои милитсияи шаҳру навоҳии тобеи марказ дар маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода, ки таҳти унвони «Лутфи ҳунар» доир гардид, ширкат варзиданд. Ин маҳфили фарҳангиву адабӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ пешниҳод гардида, дар он ҳунармандон Лутфулло Давлатзода, Афзалшоҳи Шодӣ, Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷон Шодиев ва дигарон бо шеъру таронаҳо табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Нахуст тариқи пардаи синамо филме пешкаш гардид, ки чун чашмандози мухтасар ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Л. Давлатзода бахшида шуда буд.
Дар навбати худ Ортиқи Қодир дар бораи ҷанбаҳои фарҳангии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори андеша намуда, шеърҳои ба Қаҳрамонони Тоҷикистон бахшидаи устод Лоиқ Шералӣ: «Айнӣ» ва «Таърих гувоҳ аст!»-ро қироат намуд. Муҳаммадҷон Шодиев бошад, ғазали дилошӯберо аз Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ хонд.
Лутфулло Давлатзода барои робитаи милитсияи тоҷик ба маънавиёт изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ чандин маротиба дар нақши корманди ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бозӣ кардам ва маҳз ошноиву рафиқӣ бо ҳомиёни тартиботу муҳофизони озодӣ боис гардид, ки нақшҳои офаридаам табиию самимӣ барояд. Маҳз имрӯз низ меҳру муҳаббати шумо, кормандони милитсия сабаб шуд, ки пас аз гузашти 20 сол боз ба саҳна баромада, дар рӯ ба рӯ бо шумо суруд сароям.
Ҳамин тавр, соҳибҷашн сурудҳои «Модар», «Ҳамраҳи ағёр» ва «Ба Худо ёри ту ҳастам»-ро сароида, инчунин ҳамроҳи ҳунармандони театр порчаеро аз намоишномаи «Фарёди ишқ» пешниҳоди ҳозирин гардонид.

396397

Дар идома, наворҳо аз намоишҳои «Зани оҳанин» ва «Ҷияни хира» нишон дода шуд.
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ бошад, сурудҳои «Модар фаришта буд!», «Аз ин ватанӣ, бидон ки соҳибватанӣ!» ва «Ҷавонӣ рафт!»-ро сароид.
Дар охир миёни кормандони милитсия ва директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ суҳбати озоду самимӣ доир гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика