Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ

374

Имрӯз (24.01.2020), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра кормандони ҷавон ва соҳибтаҷрибаи мақомоти корҳои дохилиро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шуданд, ба ҳузур пазируфт. Аз он ҷумла:

375376

- генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба вазифаи сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;
- генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи Намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо;
- генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло Марифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
- генерал-майри милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бустон вилояти Суғд;
- полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
- подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Муҳиддинзода Файзиддин Шамсуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;

377378379

- подполковники милитсия Мирзоев Саидаҳрор Раҳимович, ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон;
- майори милитсия Солеҳзода Неъматулло Саъдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон;
- майори милитсия Қурбонали Пулод Барфӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, таъйин гардиданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика