Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ховалинг

653

Имрӯз (13.04.с.2020), дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ободкорию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сокинони ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ ва фаъолони ноҳияи мазкур Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки сохтмонҳои пешбинишуда оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият 64 % иҷро гардидааст, ки зиёда аз 200 иншооту корхонаҳо ва пулу роҳҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин даъвати наваскарон 100% ҳалли худро ёфтааст.

654

Оид ба пешгирии бемории короновирус 65 катҳои алоҳида ҷудо гардида, тамоми корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои гигиенӣ таъмин гардидаанд. Ҷиҳати риояи гигиена дар хона ва корхонаҳо ва тозагии кӯчаву маҳаллаҳо таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ин муддат зиёда аз 5 км роҳҳо таъмир гардида, ба маҳаллаҳое, ки аз об танқисӣ мекашиданд, об бароварда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни ҷашни 30-солагии Истиқлолият, корҳои ободонию созандагӣ, сарзабзу зебогардонӣ, зиёд намудани дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ расонид.
Ҷиҳати дар ноҳияи Ховалинг сохтани чойхонаи замонавӣ барои сайёҳҳон суханронӣ намуда, зикр кард, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад замин ҷудо гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати пешкаш намудани гиёҳҳои табиӣ ба сайёҳон, оиди равнақ додани соҳаи асалпарварӣ ва коркарди асал, бунёди сехҳо ва корхонаи коркарди асал қайд карда шуд. Зикр гардид, ки соли 2019, 61 тонна асал истеҳсол шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳия зиёда аз 5000 га кишти гандум гузаронида шудааст, кишти картошка нисбат ба соли гузашта 40% зиёд карда шуда, масоҳати 515 гектарро ташкил медиҳад.

Дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ оид ба амалигардонии нақшаҳои 30-солагии Истиқлолият ба масъулин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро расонида, инчунин барои ободӣ ва сохтмони бинову иншоотҳо изҳори қаноатмандӣ кард.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика