Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастурдиҳӣ

983
Имрӯз, 30 апрели соли 2020 аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Вазорати корҳои дохилӣ дастурдиҳии ҳайати шахсии Бригадаи махсуси (тамизкунӣ) оид ба дезинфексия гузаронида шуд.
Ҳангоми суҳбат Раҳимзода Р.Ҳ. оид ба чорабиниҳои огоҳикунанда ва пешгирикунандаи паҳншавии коронавирус COVID-19 супоришҳои қатъӣ дод. Тибқи дастури ӯ дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо, боғҳою гулгаштҳо, варзишгоҳҳо, микрорайонҳо, гирду атрофи бозорҳо, марказҳои савдо, мактабҳо бо мошинҳои махсус корҳои зиддиинфексонӣ  гузаронида мешавад.
984985
Қайд намудан лозим аст, ки ин бригада бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ таҳти №241 аз 15 апрели соли 2020 ташкил карда шуда, сохторҳои он дар  маркази вилоятҳою  минтақаҳо амал менамоянд.
Ин бригада бо асбобҳои лозимӣ, либосҳои махсус, бо 4 автомашинаи махсус ва 40 автомашинаҳои сохторҳои  ВКД - хадамотҳои оташнишонӣ ва Дастаи таъиноти махсус вобаста карда шудааст.
986
Кормандони ин бригада тибқи фармон бо иловапулӣ ва озуқаворӣ таъмин карда мешаванд. Ҳангоми пайдо шудани хоҳиши мардум барои гузаронидани корҳои дезинфексионӣ метавонанд бо телефони 221-21-21 муроҷиат намоянд.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика