Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми мусобиқаҳои футболи хурд байни корхонаю идораҳо

1004

Чи тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар доираи мусобиқаи кушоди (Спартакиадаи) Вазорати корҳои дохилӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини Самбо, шашка, шоҳмот ва сангбардорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мусобиқаи футболи хурд дар се синну сол аз 29-уми январи соли 2021 оғоз гардида буд.
Бозиҳои футбол дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ доир гардида истода, санаи 26-уми феврал даври нимниҳоӣ ва ниҳоии он доир гардид. Толор пур аз мухлисони ин намуди варзиш буд, ки аз таваҷҷӯҳи беандозаи ҷавонони кишвар ба варзиши футбол дарак медод.
Дар мусобиқаи байни кормандони ҷавон 45 даста, ки дар 8 гурӯҳ бозӣ мекарданд, дастаҳои нисбатан пурқуввати он: «Вавилон», «Рахш-Таксӣ», «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба даврҳои ниҳоӣ баромада, дар ин рӯз барои ҷойҳои ғолибият бо ҳам рақобат намуданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи байни ҷавонон чун соли гузашта, ду дастаи пурқувваттарини мусобиқа: дастаҳои футболбозони «Вавилон» ва «Рахш-Таксӣ» ба майдон баромаданд. Ин дафъа, дар аввали бозӣ футболбозони дастаи «Рахш-Таксӣ» ҳисобро кушода, ба пеш гузаштанд. Аммо, дастаи «Вавилон» тӯби ҷавобӣ зада, ҳисобро баробар намуд. Рақобатҳо бо чунин тарз идома шуда, ҳисоб 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Довари мусобиқа ба дарвозаи якдигар тӯбзании иловагӣ (пеналти) таъин намуд. Як хатогии футболбози дастаи «Вавилон» ва нишонзании бозингарони «Рахш-Таксӣ» дастаи охиринро (бо ҳисоби 4:5) ғолиби мусобиқа гардонид. Дар ин гурӯҳ дастаи «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» дастаи «Динамо»-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб сохта, ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Дар мусобиқаи байни ҷавонон аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ҷоизадорон инҳо дониста шуданд: бозингари беҳтарин Хуршед Маҳмудов аз дастаи «Вавилон», нишонзани беҳтарин Ибод Назиров аз дастаи «Рахш-Таксӣ», ҳамлагари беҳтарин Фирӯз Сангов («Рахш-Такси»), муҳофизатгари беҳтарин Диловар Шерматзода аз «Динамо»-и ВКД, дарвозабони беҳтарин Миралӣ Шарипов аз дастаи «Вавилон», мураббии беҳтарин Ҷамшед Исмоилов аз дастаи «Динамо»-и ВКД ва довари беҳтарин Комрон Хайруллозода аз шаҳри Душанбе.
Ҳамин тариқ, дар даври ниҳоии мусобиқаҳои байни собиқадорони аз 40-сола боло, ки 10 даста ширкат доштанд, ғолибон муайян гардиданд. Футболбозони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар бозӣ бо дастаи «Вавилон», ки хеле фаъол буданд, тавонистанд аз аввал бартариятро аз даст надиҳанд. Дар натиҷа, дастаи «Динамо» бо ҳисоби 6:2 дастболо шуда, мақоми аввал ва дастаи «Вавилон» зинаи дуюми мусобиқаро соҳиб гашт. Барои мақоми сеюми ин мусобиқа дастаҳои «Хатлон» ва «Испечак» бо ҳам мубориза бурда, бо ҳисоби 5:2 дастаи «Хатлон» ғолиб омад.
Дар мусобиқаи собиқадорон низ ҷоизадорони он муайян карда шуданд. Бозингари беҳтарин Шуҷоат Неъматов аз дастаи «Динамо»-и ВКД, ҳамлагари беҳтарин Наҷмиддин Абдуллоев аз дастаи «Испечак», нишонзани беҳтарин Пулотов М. аз дастаи «Вавилон», муҳофизатгари беҳтарин Анвар Норқулов аз дастаи «Динамо», дарвозабони беҳтарин Бахтиёр Неъматов аз дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва довари беҳтарин Сафаралӣ Солиев аз шаҳри Душанбе эълон гардиданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаҳои байни собиқадорони аз 55-сола боло аз байни 8 даста варзишгарони дастаи Муассисаи давлатии «МҶМОВ» оид ба футбол ҷойи аввал, дастаи «Фурудгоҳ»-и ш.Душанбе зинаи дуюм ва дастаи «Боғи марказии истироҳатию фарҳангӣ»-и ш.Душанбе ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

100510061007

Дар мусобиқаи собиқадорони аз 55-сола боло ҷоизадорон: Ҳомидов Носир аз дастаи МД «МҶМОВ» бозингари беҳтарин, Фаррух Наҷмиддинов аз дастаи «Боғи марказӣ» ҳамлагари беҳтарин, Пулод Қодиров аз дастаи МД «МҶМОВ» нишонзани беҳтарин, Миралӣ Одилов аз дастаи «Фурудгоҳ» муҳофизатгари беҳтарин, Саъдӣ Иззатов аз дастаи МД «МҶМОВ»дарвозабони беҳтарин ва Тоҷиддин Мираков довари беҳтарин гардиданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода суханронӣ намуда, нахуст аз номи худ ва аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми иштирокчиёни мусобиқа ва меҳмононро бо фарорасии фасли баҳори хуҷастапай, таҷлили «Рӯзи модар» ва арафаи «Иди Байналмилалии Наврӯз» табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо, тансиҳатию хушбахтию хонаободӣ таманно дошт. Мавсуф зимни суханронии хеш аз ҷумла қайд намуд, ки «Чи тавре шоҳид будем, бозиҳои футбол хеле ҷолибу шавқовар доир гаштанд, ҳамарӯза толор пур аз мухлисон буд. Даври ниҳоӣ низ бениҳоят ҷолиб гузашт. Ин нишон аз он аст, ки Шумо варзишгарон бозиҳои хуб нишон дода истодаед, сатҳи бозиҳо низ беҳтар гашта, аз ҳарвақта дида маҳорати баланд нишон медиҳед. Яъне гуфтан мумкин аст, ки футбол дар кишварамон рушд меёбад, дар оянда боз ҳам инкишофу пеш меравад. Ин ҳама ба шарофати сулҳу ваҳдат дар кишварамон мебошад. Таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишварамон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим диққати хоса зоҳир гардида, он хусусияти оммавӣ пайдо мекунад, хурду калон, пиру барно ба варзиш рӯ овардаанд. Он ҳадафҳое, ки Сарвари давлат дар самти беҳбудбахшии соҳаи варзиш қарор дода буданд, дар амал татбиқ гардида истодаанд. Мусобиқаи навбатии футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки имрӯз натиҷагирӣ шуд, аз ин сиёсати варзишдӯстона манша гирифтааст. Метавон гуфт, ки ин чорабинии варзишӣ дар рисолати худ, яъне дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва дӯстию рафиқӣ саҳми босазои худро гузошт». Боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ чунин мусобиқаҳои варзишии ҷолибу диданӣ дар сатҳи боз ҳам хубтару беҳтар доир карда шуда, чун рамзи робитаю ҳамкориҳои байни кормандони касбу кори гуногун ва сулҳу амонӣ дар диёрамон хоҳад шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ дастаҳои ғолиби мусобиқаи ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон бо Ҷом, диплом, медалу ифтихорономаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

100810091010

Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода, Кумитаи олимпии кишвар Муҳаммадшо Абдуллозода, Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Алишер Урунов, Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анвар Мирзоев ва дигар шахсони расмӣ дар фазои тантанавӣ супориданд.
Расми хотиравӣ ба чорабинии варзишӣ ҳусни анҷом бахшид.

Хисрав Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика