Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

567

Имрӯз (01.06.2021), дар шаҳри Теҳрон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков карордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардида, дар рафти он як қатор масоили муҳими ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

569570

Айни замон сафари кории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика