Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии Вазири корҳои дохилӣ аз Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон

572

Имрӯз (02.06.2021), дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад.
Дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.
Мавриди қайд аст, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.

573

574575576577579

Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз машқҳои тактикии Нерӯҳои вижа бо нишон додани фаъолияти ин ниҳод, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, ошноӣ пайдо намуд.
Айни замон сафари кории Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило медиҳем.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика