Рӯзи 4 декабри соли 2021 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо сухани табрикӣ баромад намуда, аз корнамоӣ ва ранҷу заҳмати кор мандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар гардид.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки ба души кормандони ин ниҳод вазифаҳои басо душвору масъулиятнок, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вогузор гардидааст.
Ҳайати шахсии ин сохтор дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.
Гарчанде аз таъсиси воҳидҳои мазкур солҳои зиёде нагузаштааст, вале дар тӯли фаъолияти худ собит намуд, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омода ҳастанд, барои ҳифзи ин ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ва мулоқот бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои кормандони ин ниҳод дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардида, хизмати содиқонаву садоқатмандонаи онҳоро қадр намуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, дар шароити кӯҳсор, Марказҳои таълимии воҳидҳои таъиноти махсус таъсис дода шуд, ки кормандони ин ниҳод дар онҳо маҳорати касбии худро такмил медиҳанд.
Имрӯз, Воҳидҳои таъиноти махсус бо техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангии муосир муҷаҳҳаз буда, кормандони он дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар аз мутахассисони ботаҷриба таълим мегиранд.
Дар арафаи ҷашни таъсисёбӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бархе аз кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати қушунҳои дохилӣ, «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо туҳфа ва дигар мукофотҳо қадршиносӣ гардиданд.
Дастгирию ғамхориҳои Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро водор менамояд, ки вазифаю уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдиона иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, дастовардҳои истиқлолият ва амнияти сокинони кишварро бо сарбаландӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода дар Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсус ҷамъомади идона доир гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми афсарон ва хизматчиёни ин ниҳодро самимона табрику таҳният намуд.
Инчунин дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба солгарди рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати шахсии ДТММ дар вилояти Суғдро табрику муборакбод намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси вилоят ба ҳайати шахсии Даста мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон дар ДТММ дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Ҳукуматулло Зикрулло кормандони дастаро самимона табрик намуд.
Кормандони Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб низ ин чорабиниро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд.
Сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, генерал-майори милитсия, Давлатзода Раҳмон Қобил ҳамаи кормандони ин ниҳодро табрик кард.
Ҳамин тавр бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ чорабинии идона баргузор гардида, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуд.
Дар рафти чорабиниҳои тантанавӣ кормандони ДТММ барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ, нишону Сипосномаҳо ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба, Наврӯз Ҷобиров.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>