Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди амалишавии ислоҳоти милитсия

 viber_2022-06-29_17-23-07-556

29 июни соли 2022 дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби шарикони рушд ба Вазорати корҳои дохилӣ се адад воситаҳои нақлиёти сайёр тақдим гардид.

Дар ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сафири Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Вук Жугич ширкат варзиданд.

Зимни қабули воситаҳои нақлиёти сайёр Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки нақлиётҳои воридгардида бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия, ки бо сокинони кишвар дар минтақаҳои кишвар барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташриф меоранд, мусоид мебошад.
Дар идомаи ҷамъомад таъкид гардид, ки ислоҳоти милитсия иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди амал ва коргузорӣ қарор дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи иҷрои барномаҳои давлатии зикргардида дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» таъсис дода шудааст, ки ин ба раванди амалишавии ислоҳоти милитсия мусоидат менамояд.

 viber_2022-06-29_17-23-07-225




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика