26-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон, мушкилот ва мулоҳизаҳо» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки ҳамзамон раиси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон мебошад ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонон ва ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфта, вобаста ба зарурияти баргузории ин ҷаласаи илмӣ таъкид намуд.Зикр гардид, ки савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Хусусияти фаромиллӣ ва муташаккили ҷинояти мазкур фаъолияти ҳамбаста, фарогир ва ҳамаҷониба бо ҳам мувофиқашудаи давлатҳоро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ дар канор набуда, дар самти мазкур як қатор тадбирҳои назаррас ва мушаххасро роҳандозӣ намудааст.Иқдоми нисбатан муҳим ин таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004, №47 ва дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, №1096 ба шумор меравад.
Ҳадафи конференсия ин мусоидат намудан ба муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади табодули таҷриба дар муқовимат ба савдои одамон, муҳокимаи роҳҳои ҳалли ин масъала, аз ҷумла пешгирии ин амали номатлуб, системаи чораҳо оид ба ҳифз ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон иборат мебошад.
Конференсияи мазкур таҳти модератории Солиев Карим Ҳоҷиевич - сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, н.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-майори милитсия ҷараён гирифт.
Дар рафти конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Шарипов Тақдиршо, Прокурори ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Рауфов Фаррух Халилович, ҳамоҳангсози барномаҳои муқовимат ба савдои одамони Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷонов Баҳром, роҳбари шуъба оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат ба савдои одамони Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Барилов Адриана ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони миллӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми конференсия як қатор тавсияҳои муфиди илмӣ ва амалӣ қабул гардиданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>