Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуданд

273

10 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.274

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
276Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво ҳамзамон метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода намоянд.277
Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ шудааст.
278Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ мутобиқ ба талаботи замон ҷиҳати адои хизмати Модар-Ватан шароит фароҳам оварда шудааст.279
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ вазифадор намуданд.
280Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб шуда, буду боши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.281
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти нав — маркази таълимии Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахтро барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онлайн ба истифода доданд.
Дар иншооти нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои ҳайати шахсӣ ҷиҳати адои хизмат ва истиқомат шароит фароҳам оварда шудааст, ки ҳамааш натиҷаи ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони мақомоти милитсия мебошад.
Сипас, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Маҳсулоти тару тоза аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон дар ноҳияҳои Лахш, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва ба афсарону сарбозон дастрас мешавад.
Омӯзиши усулҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи техникаву таҷҳизоти тибқи таъйинот пешбинишуда ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки афзоиши ҳамасолаи истеҳсоли маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ таъмин шавад.
Зиёд намудани саршумори чорвои калону майда, оилаҳои занбӯри асал ва таъсиси корхонаҳои коркард имкон фароҳам овард, ки талаботи ҳайати шахсӣ бо гӯшту шир ва асал бештар аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди вазорат қонеъ гардонида шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро ҷиҳати истифодаи пурраи имконияти хоҷагиҳои ёрирасон, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби имконияти дохилии табиӣ вазифадор намуданд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика