Рӯзҳои 13-15-уми ноябри соли 2023 дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии байниидоравии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон полковник Раҳмонов Шавкат Наврӯзович баргузор гардид. Дар ҷаласа, инчунин роҳбарони мақомоти корҳои дохилии наздисарҳадии ҳарду кишвар иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар солҳои охир ҳамкории байни вазоратҳои корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд низ тақвият дода мешавад.Дар ҷараёни ҷаласа, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, киберҷиноятҳо, тафтиши ҷиноятҳои дуздии маблағҳо, ки ба воситаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ содир мегарданд ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки санадҳое, ки миёни ду вазорат қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дарбар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.Ҳамчунин, ҳайати меҳмонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии ин кишвар полковник Раҳмонов Шавкат Наврӯзович ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо инфрасохтори ин ниҳоди қудратӣ ошноӣ пайдо намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ муовини якуми ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Раҳмонов Шавкат Наврӯзович барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои минбаъда байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Узбекистон устувортар хоҳад шуд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>