17-уми ноябри соли 2023, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро толори фарҳангӣ ифтитоҳ гардид.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ дар маросими савгандёдкунии курсантони курси якуми Академияи ВКД иштирок намуда, онҳоро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда, яъне савгандёдкунӣ табрику муборакбод намуд.
Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои шунавандагону курсантон, инчунин дар ин замина, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ин даргоҳи маърифат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>