Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи Паём аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

314

28-уми декабри соли 2023, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати шахсии шуъбаву хадамот ва раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори асосии вазорат ва раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, ВМКБ, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт дар ҷойҳо дастаҷамъона, мустақиман тамошо карданд.315

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли 2023 дар қиёс ба солҳои гузашта таҳлил намуда, дар баробари натиҷагирии солона ва таъкиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вазифаҳоро барои сохторҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва рушди давлат муайян намуданд.
316Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, такмили қонуният, фаъолияти мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, рушди соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зан-модар, ҷавонон таъкид гардида, ба некуаҳволии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани анъанаҳои миллии ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.317
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Паёмҳои худ Пешвои миллат аз соли 2000-ум сар карда, тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои асосиро барои сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат муайян менамоянд. Паём ҳамчун барномаи давлатӣ нақшаҳои нави коргузориро дар назди масъулин мегузорад, ки иҷро гардидани он ҷомеаи Тоҷикистонро ба рушду тараққиёт роҳнамоӣ мекунад.
318Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
ҳар як дастуру супориши аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, ки ба самти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия алоқаманд мебошад, ба мисли пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, гардиши силоҳ, киберҷиноятҳо ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, экстремизму терроризмро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор медиҳанд.319
Эълон намудани «Соли 2024 - соли маърифати ҳуқуқӣ» метавонад дар ин самт коргузориро вусъат бахшад ва то андозае барои пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқӯқӣ мусоидат намояд. Мусаллам аст, ки риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад. Аз ин лиҳоз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, дар ҳамоҳангӣ бо фаъолияти якҷоя назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намоянд.
320Дастури дигаре, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар Паём дода шуд, сайқал додани сатҳи забондонии ҳайати шахсӣ мебошад. Зеро имрӯзҳо дар мамлакат соҳаи сайёҳӣ ва туризм рушд намуда донистани забонҳои хориҷӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ бетаъсир нахоҳад буд.
Дар соли 2024 ба андозаи 40% баланд намудани маоши хизматчиёни давлатии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаҳои дар низоми давлатдорӣ иштироккунандаро нишон медиҳад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони милитсия дар ҳамаи шуъбаҳо ва раёсатҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд, ки минбаъд дар фаъолияти амалӣ ҳамчун барномаи роҳнамо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика