Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи иттилоот ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ самти муҳими фаъолияти Интерпол аст

122Бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Бюрои Маркази миллии Интерполи ВКД рӯзҳои 5-6-уми феврали соли равон семинар-ҷаласа оид ба мубодилаи иттилооту дархостҳо баҳри пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта баргузор гардид.123

Дар кори семинар-ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори БММ Интерполи ВКД полковники милитсия Шаҳриёр Назриев, афсарони шуъбаи ҳуқуқии Созмони байналмилалии Интерпол Эва Латте, Алла Бачинска ва Гилерма Видате, инчунин намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
532Семинарро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода оғоз намуда, аввалан аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ҳозирин дар кори семинар барору комёбӣ тамано намуд.533
Мавсуф афзуд, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи Бюрои Маркази миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич қарор доштан бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Интерпол ва дар ҳамоҳангӣ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдан мебошад.
Бояд қайд кард, ки БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубодилаи иттилоот ва баррасии дархостҳо бо сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои он корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
- Имрӯз таҳдиду хатарҳои замони муосир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор менамояд, ки дар якҷоягӣ фаъолияти зичу қавиро ба роҳ монда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ пешсаф бошанд, - гуфт баромадкунанда.
Ҳамзамон, А.Аламшозода густариш додани муносибот дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин нақши ҳамоҳангии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамолики аъзои Интерпол дар таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идома афсари шуъбаи ҳуқуқии Созмони байналмилалии Интерпол Эва Латте ба роҳбарияти ВКД барои пазироӣ ва баргузор намудани чунин ҳамоиш, ки ба пешрафти самти фаъолият мусоидат менамояд, арзи сипос кард.
Мавсуф қайд намуд, ки густариши ҳамкориҳои минбаъда дар пешгирии ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва дархостҳо муҳим мебошад.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки роҳбарияти Котиботи генералии Интерпол баҳри қавӣ гардидани ин ҳамкориҳо ва ба таври муштарак фаъолият намудани 196 давлати аъзои он ва таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳо, инчунин дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани роҳбарону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Инчунин, Эва Латте қайд кард, ки ҳама он мавзуъҳои семинари мазкур, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баррасии онҳо бар пояи ҳуқуқӣ дида баромада мешаванд. «Омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дониши моро мукаммал хоҳад кард ва итминон дорам, ки дар пешрафти фаъолияти минбаъдаамон ин таҷрибаро татбиқ менамоем», - илова намуд номбурда.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба самти фаъолият, пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рафъи таҳдиду хатарҳои замони муосир, инчунин мубодилаи иттилооту таҷрибаи ҳамдигар баромад намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика