Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садоқат ба касби бошарафу муқаддас!

372

12 апрели соли 2024 бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва сарбозону афсарони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ баргузор гардид.

373

Пас аз садо додани Суруди миллӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони ин соҳаро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ муборакбод намуда, аз саҳми арзишманди Қӯшунҳои дохилӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат ва бо дастгириву сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин сатҳи баланди касбӣ расидани ин сохтори низомӣ ёдовар шуд.

374

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилона ва содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба Савганд, нишон додани матонату далерӣ бо медалҳои сарисинагӣ, Раҳматномаю Ифтихорномаҳо сарфароз гардида, оилаҳои кормандони фавтида ва нафақахӯрон бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика