Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо фаъолони ноҳияи Шоҳмансур

38916 апрели соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9-уми марти соли равон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа гардида буданд, бо кормандони сохторҳои марбутаи ноҳияи Шоҳмансур, фаъолон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҳудуди ноҳияи мазкур вохӯрии судманд доир намуд.376

Зикр гардид, ки маҳз бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузории кишвар, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Вобаста ба ин, аз ҳар як нафар сокини кишвар тақозо карда мешавад, ки дар баробари риояи қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми боарзиши худро гузоранд.
377Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур масъалаҳои риояи одоби шаҳрдорӣ, саҳм гузоштан дар иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика