Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд

4051 майи соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Николаас Якоб Схермерс вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид.
Доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ карданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика