Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

6386 майи соли 2024 дар доираи эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ҳайати гурӯҳи корӣ бо намояндагони соҳаи маориф, имомхатибон, аҳли ҷомеа ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии мақсаднок доир намуд.639

Дар ҷараёни вохӯрӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо вобаста ба пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҳамкории мактабу маориф бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таъкид намуд.
Ҳамчунин дар ин нишаст оид ба масъалаҳои роҳу воситаҳои муосири ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ таклифу пешниҳодҳои судманд иброз карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика