Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

424

27 майи соли 2024 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александровичро, ки бо сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, пешвоз гирифт.

425

Зимни истиқболи гарму самимӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александровичро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз рушду такомул ёфитани ҳамкориҳои самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуд.

426
Мавриди қайд аст, ки дар ҷараёни сафари мазкур вохӯрии дуҷонибаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, иштирок дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даври дуюми музокироти Тоҷикистону Россия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират дар назар дошта шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика