Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти Ватан

1887

Халқи сарбаланди тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо бо фарҳангу тамаддуни ҷаҳонии худ кинаи бадхоҳонро рафъ намуда, бо нерӯи қалби саршори меҳру муҳаббат душманони хешро дӯст сохтааст. Тоҷикон дар пояи сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳу сафо ва меҳру вафо вирди забони ҳамагон гаштаанд.
Чархи таърих бар сари ин миллат мусибату бадбахтиҳои зиёдеро овардааст, ки фарҳангу тамаддуни воло онҳоро ҳамеша аз вартаи нобудӣ раҳо менамояд. Соли 1991 низ бо дасисаи душманони ин миллати куҳантаърих ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт, замоне абри сиёҳи қисмат бар сари модари зори тоҷик борони ғам мерехт. Тақдири миллат ва ҳастии давлати тоҷиконро иқдоми носазое метавонист бо нокомӣ рӯ ба рӯ созад, ки ояндагон онро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Маҳз дар ҳамин вазъи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и Хуҷанд баргузор гардид, тоҷиконро боз ба ҳам овард, бо сайъ ва талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари бахту саодат ба рӯйи халқи ҷафодидаи тоҷик боз гардид. Ин сана дар таърих бо хатҳои заррин навишта шудаанд ва ояндагон аз он ҳамеша бо некӣ ёдоварӣ хоҳанд кард.
Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт.
Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили иқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Дар ин Иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, гирифтани силоҳ аз мардум, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.
Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба таровату файзу борони оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Оре:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ҳар сол Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором мутантан ҷашн гирифта мешавад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард ва бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.
Истиқлолияти кишвари азизамон самараҳои бузурги таърихӣ дорад, ки он ба созандагиву бунёдкориҳо поя дорад. Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Бохтар (Қӯрғонтеппа) мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд.
Инак, 9-уми сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми Сарвари давлат дар он беҳамтост. Дигар роҳи қафогардӣ набуд. Дар як вақти кӯтоҳ дар Нақби Анзоб корҳои асосӣ анҷом дода шуданд, ки рафтуомади солонаро миёни марказ ва шимоли кишвар таъмин менамояд. Таъмири ин роҳ низ муташаккилона идома дорад. Роҳи оҳани Кӯлоб-Бохтарро (Қӯрғонтеппа) ба истифода доданд. Ба таъмири роҳҳои воҳаи Рашт диққати махсус дода мешавад. Роҳи автомобилгард ба ВМБК аз нав сохта шуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст - Россия нерӯгоҳи Сангтӯда ба истифода дода шуд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд ва ояндаи давлати мо дурахшон аст.
Ҳамзамон, дар даврони истиқлолияти кишвар сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо нерӯи нав оғоз гардида, ду агрегати он аллакай аз рӯйи нақша барқ тавлид менамояд ва дар сурати аз рӯйи нақша сурат гирифтани корҳо солҳои наздик агрегатҳои дигари он низ бояд мавриди истифода қарор гирад. Ин иншооти бузурги аср дар як сол то 17 миллиард киловат қувваи барқ тавлид менамояд, ки ба рушди босуботи кишвари азизамон мусоидат менамояд.
Мувафаққиятҳои даврони истиқлол бешуморанд. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотҳои калони саноатӣ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия даҳҳо корхона мавриди истифода қарор гирифт. Коркарди пахта акнун дар дохили кишвар сурат мегирад. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, комёбиҳои назаррасро дар кишвар мушоҳида менамоем.
Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд, кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ин қарзи шаҳрвандии мост.
Ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Истиқлолияти Тоҷикистони озод поянда бод!




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика