Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзȳи «Криминалистикаи тоҷик»

DSC 0033

31-уми декабри соли 2021 дар толори асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзȳи «Криминалистикаи тоҷик» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)- криминалистии ВКД генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм, сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ва устодону донишҷуён аз Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳ олии сарҳадии КДАМ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин мутахасисони илми криминалистика аз Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии ВКД, Вазорати адлияи ҶТ, Маркази ташхиси судӣ–тиббӣ ва криминалистии Вазорати мудофияи Федератсияи Россия, Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон ва дигар меҳмонон баргузор гардид.

Дар оғози кори конференсия генерал майори милитсия Азиззода Абдуғафор ҳамчун масъули бевоситаи баргузории конференсия баромад намуда аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонон ва ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрумақдам гуфта вобаста ба зарурияти баргузории ин ҷаласаи илмӣ таъкид намуд.

Сипас дар конференсияи мазкур иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун аз ҷумла, маърӯзаи сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мавзȳи «Нақши Раёсати ташхисӣ(экспертӣ)-криминалистӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурез Дастагул Қурбоналӣ - муовини сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии ВКД, полковники милитсия дар мавзȳи «Дастовардҳои Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ямоқова Зумрад Додоҷоновна - дотсенти Кафедраи криминалистика ва экспертизаи судии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ дар мавзȳи «Рушд ва тараққиёти криминалистикаи тоҷик», Баҳромзода Беҳзод – муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносии Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзȳи «Тартиби ҷамъоварӣ ва барасмиятдарории далелҳои шайъӣ оид ба ҳуқуқвайронкунӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Парфёнов Алексей Алексеевич – муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи «К некоторым вопросам проблемы невольного плагиаторства в криминалистической науке»), Худойдодов Борон Одинаевич Эксперти судии Маркази ташхиси судӣ-тиббӣ ва криминалистии назди Вазорати мудофияи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Понятие овеществах вызывающих одурманивание» ва дигарон баромад намуда байни маърузачиён ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар анҷоми кори конференсия ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиши илмӣ аз намоишгоҳи техникӣ ва дастовардҳои криминалистии Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)- криминалистии ВКД ва Академияи ВКД ҶТ дидан намуданд.
Дар фарҷоми конференсия як қатор тавсияҳои муфиди илмӣ ва амалӣ қабул гардиданд.

DSC 0046

DSC 0265
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика