Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефони мобилӣ ва зарари он ба инсон

520

Телефони мобилӣ имрӯзҳо аз ҳама воситаи алоқаи паҳншуда мебошад. Ба таърихи пайдоиши алоқа назар кунем, ки соли 1946 дар штати Сент Луиси Амрико, ширкати Сент - Луис AT&T BELL Laboratories истифодаи хизматгузорӣ бо таҷрибаи алоқаи телефониро аз автомобил оғоз намудааст.

Якумин телефони мобилӣ аз тарафи ширкати Моторола, ки вазнаш 1,15 кг ва арзиши он 3995 доллари амрикоиро ташкил медод.
Имрӯзҳо намудҳои телефони мобилӣ бениҳоят зиёд мебошанд, аз рӯи имкониятҳояшон метавонанд гуфтугӯ намуд ва инчунин смс, ммс, интернет низ истифода бурда мешавад.
Тақрибан 70 дар сади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд.
30 дар сади одамон 2-тоӣ телефони мобилӣ доранд ва мунтазам аз онҳо истифода мебаранд.
Фақат 20 дар сади истифодабарандагон медонанд, ки телефони мобилӣ ба инсон зарари калон мерасонад.
Олимони шведӣ кашфиёти навро оид ба таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ба саломатии одамон ба даст оварданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ба даст овардаи тадқиқотчиён аз институти Каролинска (Karolinska Institute) истифодаи тулонии телефон хавфи инкишофи омосҳои хушсифати асаби шунавоиро зиёд мекунад. Чи тавре, ки дар тадқиқоти илмии онҳо омадааст, варами мазкур танҳо дар он тарафи мағзи сар пайдо мешавад, ки аксари вақт гуфтугӯи телефонии мобилӣ аз ҳамин тараф шуда бошад.
Таъсири телефони мобилӣ ба чашм низ мушоҳида мешавад, ки зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ва сайтҳои интернетӣ ба хирашавии чашм ва пастшавии тезии биноӣ оварда мерасонад. Таъсири телефонҳои мобилӣ ба системаи дил ва рагҳои хунгард низ зарари худро мерасонад. Телефонҳои мобилӣ метавонанд ҳуҷайраҳои сурхи хун эритроситҳоро вайрон кунанд.
Телефони мобилӣ натанҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем.
Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди ҳуд нигоҳ дошта, организамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.
Ҷиҳатҳои мусбии телефони мобилӣ:
• Муоширати байни одамонро қулай ва осон мегардонад.
• Ба волидон дар куҷо будани фарзандро маълум мекунад
• Бехатарии шахсро таъмин мекунад (барои ба милитсия, ёрии таъҷилӣ занг задан).
• Тавассути телефонии мобилӣ маълумот ва хабарҳои навро аз интернет дастрас кардан осон аст.
Таъсири манфии телефонии мобилӣ:
• Паст шудани қобилияти корӣ,
• тез хасташавӣ,
• асабӣ шудан,
• паст шудани хотира,
• камхобӣ,
• парешонхотирӣ,
• саратони мағзи сар.
• Истифодаи ҳар як техника қоида ва меъёри муайян дорад.
• Бе зарурат набояд аз телефон мобилӣ истифода кард.
• Духтурон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми хоб рафтан набояд телефонии мобилиро назди худ гузошт.
• Дар хона ва ё корхона беҳтараш аз телефонии одии симдор бояд истифода кард.
• Ҳангоми гуфтугӯ телефонро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёниаш доштан зарур аст.
Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб 70 дар сад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад.
Ибрагимов Б.М., муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика