Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишномаи «Шаҳри бехатар» ба имзо расид

 

  Дар чорабинии бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ, муовинон, сардорони раёсати мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва намояндагони ширкати мазкур, расонаҳои хабарии мамлакат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар баромади худ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур метавонад, дар коҳишёбии вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии сарзадани садамаҳои нақлиётӣ, таъмин ва танзими бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонад.

Инчунин ноиби Президенти ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO., хонума Эми Лин иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ду марҳила якум, то моҳи май ва дуввум марҳила то моҳи ноябри соли 2013 сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика