Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

1779

Имрӯз (30.03.с.2021), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт вохӯрӣ доир намуд.
Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон ва дигар масоили мубрам табодули афкор сурат гирифт. Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваффақият таманно намуд.
Тарафҳо изҳори умед намуданд, ки муносибатҳо байни ниҳодҳои қудратии ду кишвар минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳанд ёфт.

Абдуллозода Эҳсон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика