Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти гурӯҳи кории "Гейгер" Тошканд-2023

16

3 майи соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти гурӯҳи кории "Гейгер" аз рӯи барномаи дастгирии кишварҳои аъзо дар иҷрои қонунҳо, вазифаҳои марбут ба таҳдидҳои кимёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ҳастаӣ ва тарканда таҳти роҳбарии Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ "Интерпол" кори худро оғоз намуд, ки то 5 майи соли равон идома хоҳад дошт.15
Дар нишасти мазкур бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ташхисӣ - криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азиззода А.Қ., сардори БММ "Интерпол"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Ш.Ҷ., муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, нозири калони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Далер, намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиева Зарина ва Муминов Сафарали иштирок доранд.
17Дар ҷараёни нишаст гурӯҳи корӣ доир ба масоили матраҳшаванда фикру пешниҳодҳои худро иброз намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика