Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафари корӣ аз ВКД Федератсияи Россия дидан кард

412Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сардори Раёсати ташхисӣ (эксперт)-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм, директори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол» полковники милитсия Назриев Шаҳриёр ва сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Шарифзода Темур Икром бо мақсади шиносоӣ ва табодули таҷриба ба шаҳри Москваи Федератсия сафар намуданд.

Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти БММ «Интерпол»-и Федератсияи Россия шинос шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ - Интерполро баррасӣ карданд.
Ҳайати мазкур аз таҷрибаи ҳамкорони мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия бархӯрдор гардида, мубодилаи таҷриба намуда, азми худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.
Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия доир гардида, дар рафти онҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба қайд карда шуд.
Зимни сафар намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва дидан намуда, дар он ҷо бо ташкили тадқиқоти криминалистӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти полис шинос шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика