Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба

88215 майи соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мизи мудаввар оид ба ҳамкории дуҷонибаи Сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид.883

Мавриди қайд аст, ки мизи муддавар бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия доир гардида, дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода Темур Икром, сардори Маркази оморӣ-таҳлилӣ ва назоратии Сармаркази мазкур подполковники милитсия Холиқзода Хушбахтҷон Ҷурақул ва сардори шуъбачаи Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД подполковники милитсия Эмомализода Шуҳрат ширкат варзиданд.
884Мизи муддавар бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Шулика Виталий Дмитриевич оғоз гардид.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия генерал-майори хизмати дохилӣ Сафиуллин Илдар Рашидович, сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, алоқа ва амнияти иттилоотии ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ Войнов Юрий Виталевич, муовини Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия полковники хизмати дохилӣ Абашина Олга Валеревна ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудавар масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД Федератсияи Россия ва дигар масоили мубрам мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин раванд рӯзҳои 16-17 майи соли равон маҷлиси машваратӣ бо иштироки муовини сардори Маркази бақайдгирии муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Россия генерал-майори политсия Яковлев Виталий Александрович ва ҳайати шахсии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, алоқа ва ҳифзи иттилоотии Сармаркази иттиоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия доир гардида, дар он оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва таъмини ҳифзи иттилоот зимни мубодилаи маълумот як қатор таклифу пешниҳоди судманд ироа гардиданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика