Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баимзорасии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой

Сипас Вазирони ҳарду ҷониб Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба  ҳамкории наздисарҳадиро ба имзо расониданд. Ҳамчунин ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Раёсати Марказии  бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ташриф фармуда, бо сардори Раёсати мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Раёсати Марказии бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекин аз дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами технологияи навтарин оид ба мушоҳидаи ҳаракат дар роҳ ва системаи мушоҳидавӣ дар роҳҳо ба ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ иттило дод. Хамзамон намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи милитсияи таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан намуданд. Дар Донишкадаи мазкур воҳидҳои гуногуни таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой усулҳои пешгирии ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаҳо, киштиҳои ҳавоӣ, озод намудани гаравгонҳо ва безаррар гардонидани террористонро намоиш доданд.                         

Сафари кории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой идома дошта, аз ҷараёни сафар иловатан иттило хоҳем дод.

 Маҳбуба Гулова, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика