Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо ВКД Ҷумҳурии Туркия

Рӯзи 29-уми ноябри соли равон муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз як қатор мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дидан намуд. Имрӯз низ ҷаноби Исмаил Баш аз як қатор Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия, БММ «Интерпол» ва Маркази тестии ВКД дидан намуда, нимаи дуввуми рӯз мавсуфро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилу амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар баромади худ муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш доир ба масъалаҳои табодули таҷриба, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос  ва ёрии техникӣ низ ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки ҷониби онҳо омодаанд барои таҳсили кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар академияҳои ВКД Ҷумҳурии Туркия мусоидат намоянд. Сафари кории муовини сардори Сарраёсати бехатарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Исмаил Баш дар Тоҷикистон идома дошта, зимни ин сафар масъалаҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин раванд аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия таклиф пешниҳод карда шуд, ки доир ба ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои мазкур Ёддошти тафоҳум ва Созишнома байни вазоратҳо ба имзо расонида шавад. 

Рӯзи дигар ташрифи ин меҳмони олиқадр ба Академияи ВКД дар назар аст.

Асадуллоев М.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика